Дар 27 амалиёти муштараки Тоҷикистону Афғонистон аз муомилоти ғайриқонунӣ маводи зиёди нашъаовар мусодира гардид
ДУШАНБЕ, 19.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилии Афғонистон Бахтиёр Абдулхалил аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ба гурӯҳ намояндагон аз Шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти давлатии ИМА (INL) ва Раёсати мубориза бо маводи нашъаовари ИМА (DEA) дар Афғонистон ва Маркази минтақавии иттилоотии ҳамоҳангсозӣ дар Осиёи Марказӣ (ММИҲОМ) низ шомил буданд.
Ба иттилои манбаъ, директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода меҳмононро бо вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюл ва пешгӯии инкишофи он, роҳҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар, тамоюли ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар, инчунин бо сохтори Агентӣ оид ба ҳамкории муштарак бо Вазорати корҳои дохилии Афғонистон шинос намуд.
Зикр гардид, ки соли 2013 «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул гардида, амалӣ шуда истодааст. Ба маълумоти Шерхон Салимзода, дар чорчӯбаи робитаҳои байналмилалӣ ҳамкории судманд бо сохторҳои қудратии Афғонистон дар доираи созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба роҳ монда шудааст. Инчунин дар ҳамкорӣ бо ҳампешагони афғон танҳо дар ду соли охир 27 амалиёти муштарак гузаронида шуд, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ миқдори зиёди маводи нашъаовар мусодира гардид.
Роҳбари гурӯҳи Афғонистон Бахтиёр Абдулхалил изҳор намуд, ки дар давоми чанд соли охир миёни ин ду кишвар ҳамкории мутақобила дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба роҳ монда шудааст. Дар чорчӯбаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар Афғонистон амалиёт нисбат ба мусодира намудани маводи нашъаовар ва корҳои пешгирикунанда давом доранд.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки дар оянда низ чунин ҳамкорӣ рушд меёбанд, чунки вазъи ба амал омада дар минтақа тақозо менамояд, ки тарафҳо бар зидди ин вабои аср дар якҷоягӣ мубориза баранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






