Дар Бадахшон дар давоми се рӯз 397 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ ошкор гардид
ХОРУҒ, 20.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нозирони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, таҳияи дурусти санаду ҳуҷҷатҳо ва пешгирӣ аз ҳар гуна садамаҳо санҷиши серӯза гузарониданд.
Тавре нозири калони шуъбаи мазкур, майори милитсия Хосият Гулзорхонова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, «дар давоми се рӯз 397 ҳолати вайронкунии қоидаи ҳаракати роҳ ошкор карда шуд. Як нафар дар ҳолати мастӣ, чор нафар бидуни ҳуҷҷати ронандагию шишаҳои сиёҳи ғайриқонунӣ ва 7 мошини бе шаҳодатномаи санҷиши техникӣ боздошт ва ҷарима баста шуданд. Дар ҷараёни санҷиш 9 ронанда ба шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Хоруғ муроҷиат карда, баъди пардохти 22 ҳазору 500 сомонӣ ба онҳо иҷозатномаи истифодаи шишаҳои сиёҳ дода шуд. Бештар аз 5 мошин бо рақамҳои худсохт ва ҳуруфи арабӣ, рақамҳои номаълуми пластикӣ, аз ҷумла 55 55 РТ 04, 91 91 АА 04, 98 98 АО 01, Т АВ 826 77 RUS, ТҶ 40 00 04 ва ба ин монанд боздошт ва ба ҷаримагоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят интиқол дода шуданд».
Вобаста ба ин як гурӯҳи нозирон дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ бо ронандагони ҷавон суҳбат гузаронида, онҳоро даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя кунанд. Зеро як ҳаракати нодуруст ва хилофи қоида бар зарари худи ронанда ва чандин мусофиру пиёдагард анҷом меёбад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






