Дар Бадахшон дар давоми се рӯз 397 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ ошкор гардид

Сентябрь 20, 2017 12:21

ХОРУҒ, 20.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Нозирони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, таҳияи дурусти санаду ҳуҷҷатҳо ва пешгирӣ аз ҳар гуна садамаҳо санҷиши серӯза гузарониданд.

Тавре нозири калони шуъбаи мазкур, майори милитсия Хосият Гулзорхонова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт,  «дар давоми се рӯз 397 ҳолати вайронкунии  қоидаи ҳаракати роҳ ошкор карда шуд. Як нафар дар ҳолати мастӣ, чор  нафар бидуни ҳуҷҷати ронандагию шишаҳои сиёҳи ғайриқонунӣ ва 7 мошини бе шаҳодатномаи санҷиши техникӣ боздошт ва ҷарима баста шуданд. Дар ҷараёни санҷиш 9 ронанда ба шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Хоруғ муроҷиат карда, баъди пардохти 22 ҳазору 500 сомонӣ ба онҳо иҷозатномаи истифодаи шишаҳои сиёҳ дода шуд.  Бештар  аз 5 мошин бо рақамҳои худсохт ва ҳуруфи арабӣ, рақамҳои номаълуми пластикӣ, аз ҷумла 55 55 РТ 04, 91 91 АА 04, 98 98 АО 01, Т АВ 826 77 RUS, ТҶ 40 00 04 ва ба ин монанд боздошт ва ба ҷаримагоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят интиқол дода шуданд».

Вобаста ба ин як гурӯҳи нозирон дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ бо ронандагони ҷавон суҳбат гузаронида, онҳоро даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя  кунанд. Зеро як ҳаракати нодуруст ва  хилофи қоида бар зарари худи ронанда ва чандин мусофиру пиёдагард анҷом меёбад.

Сентябрь 20, 2017 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ». Имрӯз дар Душанбе беш аз 15 ҳазор нусха китоб ба намоиш-фурӯш пешниҳод гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст
Дар Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун гузаронида мешавад