Дар Чин вохӯрии бисёрҷонибаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои узви «Интерпол» доир гардид
ДУШАНБЕ, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии бисёрҷонибаи вазирони мақомоти корҳои дохилии давлатҳои узви Ташкилоти Байналмилалии Полиси ҷиноятӣ — «Интерпол» бо котиби Кумитаи сиёсии ҳуқуқии Бюрои сиёсии партияи коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Тсзян Чжува ва Вазири бехатарии ҷамъиятии ин кишвар Го Шенкун баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар ҳамоиш Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок намуд. Дар ҷараёни вохӯрии бисёрҷониба ҳалли масъалаҳои ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти салоҳиятдори ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои «Интерпол» дар мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зикр гардид, ки бо назардошти вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, таҳдиди ҷиноятҳои муташаккили замони муосир ба кишварҳои дунё нақш ва аҳамияти ташкилоти байналмилалии «Интерпол» аз ҳар вақта бештар гардидааст.
Зимни мулоқот зикр карда шуд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзоро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ бо ҷиноятҳои хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм, савдои одамон, гардиши ғайриқонунии яроқу аслиҳа, маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти номатлуби нигаронкунандаи ҷомеаи имрӯза муборизаи беамон баранд.
Бояд гуфт, ки «Интерпол» ташкилоти ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ буда, соли 1923 дар шаҳри Вена бо қарори Конгресси байналмилалии полис таъсис ёфтааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






