Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф курси махсуси омӯзиши китобҳои Пешвои миллат ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Пешво — Раҳнамо» — таҳти чунин унвон курси махсуси омӯзиши китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси роҳбарияти Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муассиса ба роҳ монда шуд.
Ба иттилои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос, дарси нахустин 25 сентябр аз рӯи асари «Тоҷикон дар ойинаи таърих» (Аз Ориён то Сомониён) оғоз гардид, ки ба омӯзгорон Аълочии маорифи Тоҷикистон, директори Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Абдуқодири Абдуқаҳҳор дарс медиҳад.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «ин китоб аз зумраи асарҳои беҳтарини Пешвои миллат мебошад, ки аз он оид ба таъриху тақдири пур аз шебу фарози ниёгони фарҳангдӯсту фарҳангофари мо посухҳои дақиқу илман асоснок дарёфт кардан мумкин аст. Омӯзиши он дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллии ҷавонон саҳми арзанда мегузорад».
Ба иттилои Абдуқодири Абдуқаҳҳор, дар давоми сол ҳамзамон омӯзиши китоби дигари Пешвои миллат- «Чеҳраҳои мондагор» низ ба роҳ монда мешавад. Ҳадафи асосии ба роҳ мондани омӯзиши ин китобҳоро номбурда, пеш аз ҳама, шиносоӣ бо гузаштаю имрӯзаи сарнавишти бою пурғановати мардумони ориёӣ, рӯзгору осори шахсиятҳои варзидаи таърихӣ ва фарҳангиамон арзёбӣ намуд.
«Ин кор ба он хотир зарур дониста шуд, ки дар айни ҳол теъдоди нашри китобҳои Сарвари кишвар хеле маҳдуд аст ва на ҳамаи ниёзмандон имкони дарёфту мутолиаи онҳоро доранд. Дигар ин ки дар як маҷмӯа гирд омадани маводи ин китоб, ки қаблан ба сурати пароканда дар маҷмӯаву китобҳои гуногун ва нашрияҳои даврӣ чоп шуда буданд, ба омӯзгорон имкони мусоиди истифода ва баҳрабардорӣ аз онро фароҳам меорад»,- зикр намуд Абдуқодири Абдуқаҳҳор.
Ба иттилои масъули Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, дар давраи омӯзишӣ дар қатори омӯзгорон хоҳишмандон низ имконияти иштирок доранд.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






