Дар Душанбе барои интихоби пудратчии иҷрои корҳои навсозии истгоҳҳо тендер доир мешавад
ДУШАНБЕ, 16.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади интихоби пудратчии иҷрои корҳои навсозии истгоҳҳои нақлиёти мусофирбари мавҷуда бо ороиши замонавӣ дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониш аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тендер баргузор карда мешавад.
Дар ин бора Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузор намудани тендер ба тасвиб расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳодшуда дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои интихоби пудратчии иҷрои корҳои навсозии истгоҳҳои нақлиёти мусофирбарии мавҷуда бо ороиши замонавӣ дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониш мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода намуда, эълон, баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро бо иштироки номаҳдуди довталабон таъмин намояд.








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






