Дар Душанбе иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор гардид

Сентябрь 26, 2017 09:20

ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  25 сентябр дар  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид. Дар кори он  Раиси шаҳр,  муовинони  раис, раисони ноҳияҳои пойтахт,  роҳбарони сохторҳо ва муассисаву корхонаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ва  намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Тибқи рӯзномаи  иҷлосия  нахуст вакилон ҷараёни татбиқи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе   аз 5 майи соли 2017 «Дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017 – 2018 дар шаҳри Душанбе»-ро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, аз рӯи он қарори дахлдор қабул намуданд.

Сипас, вакилон ба баррасии  масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия гузаштанд. Иҷлосия қарор кард, ки ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудов Фазлиддин Абдусаломович, Мирзоев Тоҳир Хайруллоевич ва Шерзода Ситора Ҷалол  аз ҳавзаҳои  интихоботии №58, №61 ва №67  пеш аз муҳлат қатъ гардида,   интихоботи вакилон дар ҳавзаҳои номбурда  19  ноябри соли 2017  таъйин карда шавад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни муҳокимаи масъалаҳо таваҷҷуҳи вакилони халқ ва масъулини соҳаҳоро, қабл аз ҳама, ба иҷрои бечунучарои  омодасозии пурраи муассисаҳои давлатии истифодаи роҳҳо вобаста ба захиракунии маводу ашё, қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишворӣ барои мошину механизмҳо аз рӯи эҳтимолияти фаъолияти онҳо дар шароити аз меъёр паст омадани ҳарорати ҳаво ва сардиҳои давомнок, ҷиҳати то оғози мавсими тирамоҳу зимистон ба анҷом расонидани корҳои таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳои мошингарди ҳудуди шаҳр ва дар ҳолати аз меъёр зиёд будани боришот андешидани тадбирҳои зарурӣ барои фавран бартараф намудани садамаҳо ва дар доираи нақшаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 ба ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор дар объекту иншооти хоҷагии халқ, бахусус муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, бозору марказҳои савдо ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон аҳамияти ҷиддӣ дода, тамоми нақлиёти оташнишониро барои фаъолияти бонизом ва дар ҳолати омодабош қарор диҳанд.

Мачлиси вакилони халкМасъулини соҳаҳои обёрӣ вазифадор гардиданд, ки вобаста ба омода намудани низомҳои ирригатсионӣ барои фаъолияти муътадил дар мавсими тирамоҳу зимистон иҷрои корҳоро дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намуда, қисмати озоди каналу селпартоҳо ва такшингоҳҳои шаҳри Душанберо аз гилу шағал ва партовҳо тоза карда, ҷиҳати сари вақт бартараф намудани мушкилиҳо ҳангоми аз меъёр зиёд гардидани боришот дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 тадбирҳои мушаххас  андешанд.

Ба Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» супориш дода шуд, ки барои ба миқдори меъёрӣ таъмин намудани захираҳои саривақтии маводи безараргардонӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии шаҳрӣ, ба роҳ мондани корҳои доимии безарар гардонидани оби ошомиданӣ ва сифатнокии он, инчунин таъминоти муътадили оби нӯшокӣ, анҷоми корҳои таъмириву профилактикӣ ва санҷиши фишори қубурҳои обтаъминкунӣ ва оби ғализ, таъмини  фаъолияти мунтазами насосҳои эҳтиётӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, захира намудани сӯзишворӣ, дигар маводу ашёи зарурӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмини хизматрасонии муътадил тадбирҳои бетаъхир андешад.

Масъулини сарраёсати маориф, раёсатҳои тандурустӣ ва фарҳанг  уҳдадор шуданд, ки муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва табобатиро бо маводи сӯзишворӣ ва ангишт пурра таъмин намуда, омода будани генераторҳои барқиро назорат намоянд.

Сохторҳои дахлдор ва раисони ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки ҷиҳати пурра пайваст шудани бинову иншоот ва таъмини пурраи шиносномаҳои тайёрӣ ба қабули энергияи гармӣ, барқароркунии механизмҳои гармитақсимкунӣ то 25 октябри соли 2017 маълумоти муфассал пешниҳод намоянд ва ҷиҳати гузаронидани корҳои профилактикӣ, иваз намудани ноқилҳои корношоям, муоинаи қуттиҳои барқтақсимкунӣ, ивази равғанҳои трансформаторҳо ва захираи сӯзишворӣ чораҳои заруриро сари вақт амалӣ намоянд.

Таъкид гардид, ки вазъи молиявӣ-иқтисодии корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2» ва «Автобус-3»-и шаҳри Душанберо пурра таҳлил намуда,   инчунин барои дар оянда даст кашидан аз пошидани қуму намак дар роҳҳо ва ба ҷои он истифодаи моеъҳои замонавӣ, сари вақт ворид намудани техникаҳои коммуналии нав тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин масъулини соҳаҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки бо мақсади пешгирии болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла картошка, пиёз ва сабзӣ, равған, орд, ангишт ва ҳезум  ҳамкориро ҷиҳати захира намудани маҳсулоти ниёзи аввал бо хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷоннок намоянд.

Дар якҷоягӣ бо КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе»  бобати ташкил намудани нуқтаҳои сайёри фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар ҳудуди шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз роҳбарон ва масъулини тамоми сохторҳо бо қотеият талаб кард, ки тамоми камбудӣ ва нуқсони мавҷударо сари вақт бартараф намуда, дар пешрафт, тараққӣ ва ободонии шаҳр дар роҳи фароҳам овардани зиндагии шоиста ба тамоми қишрҳои ҷомеа саҳми арзанда гузоранд

Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарорҳои қабул намудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои муҳими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ баррасӣ ва тасдиқ кард.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор ба тасвиб расиданд.

 

Сентябрь 26, 2017 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад
«ШАҲРҲОИ ОЯНДА: БЕХАТАР, САБЗ ВА ҲУШМАНД». Дар ҷаласаи махсуси Форуми «Dushanbe Invest – 2025» 17 созишнома ва ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Озмуни аксҳо таҳти унвони «Душанбе – шаҳри гулҳо ва зебоӣ» эълон гардид
То соли 2030 фаъолияти электросамокатҳо ва электроскутерҳо дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе манъ мегардад
«KUDAK.TJ». Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе 20 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба ин барномаи иттилоотӣ пайваст гардид
Омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест-2025» баррасӣ шуд
Сокинону меҳмонони пойтахт тавассути хатсайри «City Tour» зебоиҳои Душанберо тамошо намуданд
Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахт хатсайри ройгон ташкил карда мешавад
Имрӯз иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи забони давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад