Дар Душанбе иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор мегардад

Сентябрь 16, 2017 11:25

ДУШАНБЕ, 16.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр, соати 9:00 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Иҷлосияи мазкур бо қарори навбатии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ даъват карда шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Интизор меравад, ки дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум масъалаҳо оид ба ҷараёни иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017 – 2018 дар шаҳри Душанбе», дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои  интихоботии №58, №61 ва №67, таъйин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии №58, №61 ва №67, таъсис додани комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 15 декабри соли 2016 ва тасдиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 19 августи соли 2017 муҳокима шаванд.

Дар робита ба ин тибқи Қарори Раиси шаҳр вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе вазифадоранд, ки то 23 сентябри соли 2017 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Сентябрь 16, 2017 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд