Дар Душанбе ҷаласаи кумитаи ташкилии тайёрӣ ва гузаронидани Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон доир гардид
Душанбе, 27.09.2017./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласаи якуми кумитаи ташкилӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон ва таҷлили сеюмин солгарди ҷашни Рӯзи соҳибкорон доир гардид.
Аъзоёни кумитаи ташкилӣ гузориши раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзодаро оид ба ҷараёни корҳои омодагӣ ба Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорон, ки нимаи дуюми моҳи октябри ҳамин сол баргузор мегардад, шунида, фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.
Мулоқоти мазкур аллакай ба ҳукми анъана даромада, имсол бори сеюм – дар Рӯзи соҳибкорон, ки аз соли 2014 инҷониб дар Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад.
Зикр гардид, ки дар Мулоқоти имсола, ки дар он иштироки намояндагони доираҳои соҳибкории хориҷӣ низ дар назар дошта шудааст, масоили муҳими соҳаҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, инфрасохтор ва молияву бонкдорӣ баррасӣ мегарданд.
Аз рӯи маълумотҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, то имрӯз дар Тоҷикистон наздики 300 ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи кумитаи ташкилӣ муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ба ҳозирин супоришҳои мушаххас дод.
Дар кори ҷаласа Ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои мамлакат иштирок ва фикру мулоҳизоти худро баён намуданд.








Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд






