Дар Душанбе муносибатҳои Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд

Сентябрь 22, 2017 12:26

ДУШАНБЕ, 22.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо ҳайати намояндагони сохторҳои гуногуни давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин 21 сентябр дар Душанбе баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо аз натиҷаҳои сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ёдовар шуда, таъкид бар он намуданд, ки сафари мазкур ба марҳилаи нави муносибатҳо миёни кишварҳои мо ҳусни оғоз бахшида, барои баланд бардоштани сифат ва сатҳи равобити стратегии ҳамаҷониба ва ҳамкории гуногунҷанба имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Омодагии ҷонибҳо барои саъю талошҳои муштарак дар ростои татбиқи қарордодҳои дар ҳошияи сафар бадастомада таъкид гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика ва таъмини амният дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, Як роҳ” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сентябрь 22, 2017 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе