Дар Душанбе омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 идома дорад
ДУШАНБЕ, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. То фарорасии фасли зимистон ҳамагӣ ду моҳи дигар боқӣ мондааст. Ҳанӯз аввали моҳи апрели соли равон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» ба тасвиб расида буд.
Иҷрои қарори мазкур дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе чӣ гуна ҷараён дорад? Корҳои санҷишиву омодасозии бинову иншооти таъйиноти гуногун (манзилҳои истиқоматӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар корхонаю ташкилот) дар кадом вазъ қарор доранд? Доир ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо мудири шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Парвиз Қосимов ҳамсуҳбат гардид. Номбурда дар ин маврид чунин изҳори андеша намуд:
-Ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 дар пойтахт қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 5 майи соли равон ба тасвиб расида, дар робита ба он нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид.
Тибқи нақшаи мазкур масъулин ва роҳбарони корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият вазифадор гардида буданд, ки доир ба сари вақт омода намудан ва таъмини фаъолияти мунтазами корхонаю ташкилотҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 бетаъхир нақшаи тадбирҳои мушаххасро таҳия ва амалӣ намоянд.
Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи корҳо, ба роҳ мондани фаъолияти самараноки сохторҳои шаҳрӣ, ҳамоҳанг намудани фаъолияти онҳо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳр, баррасии фаврӣ ва ҳалли арзу шикоятҳои сокинони шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 ситоди шаҳрӣ таъсис дода шудааст.
Ҷаласаҳои сайёри ситоди шаҳрӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор бо иштироки бевоситаи роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, роҳбарони сохторҳои шаҳриву ноҳиявии марбута гузаронида мешаванд.
Бояд зикр кард, ки аз ҷониби масъулини Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» корҳои таъмирӣ ва барқарорсозии хатҳои интиқоли барқ, таҷҳизоти зеристгоҳҳои барқӣ, аз ҷумла, трансформаторҳо, васлакҳои барқӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои тартибдодашуда то 1 сентябри соли равон 60,1 фоиз иҷро шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва сари вақт бартараф намудани садамаҳо дар хатҳои барқӣ, истгоҳҳои трансформаторӣ ва зеристгоҳҳои барқӣ муоинаҳои ғайринавбатии техникӣ гузаронида шуда, интиқоли барқ ба муштариён аз тарафи хадамоти танзимгарӣ ва навбатдорони масъул таҳти назорати доимӣ қарор гирифтааст.
Дар мавриди ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст гардидани иншоот вобаста ба иқтидори гармиистеҳсолкунии манбаъҳои истеҳсоли энергияи гармӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 дар шаҳри Душанбе 1530 иншоот ба нақша гирифта шуда, то 18 сентябри соли равон 1077 ё ин ки 70,4 фоизи иншоот барои қабули он омодаанд.
То имрӯз бо 37293 муштарӣ ё бо 83,5 фоизи муштариён шартномаҳои хизматрасонӣ ба имзо расонида шудаанд.
Ҳангоми шартномабандӣ аз ҷониби масъулини «Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» бо муштариён вохўриву суҳбатҳои ошкоро гузаронида шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба бартарии истифодаи энергияи гармии мутамарказ барои гарм намудани манзили зист нисбат ба истифодаи энергияи барқ, омодагии биноҳо ва ҳуҷраҳои истиқоматӣ ба мавсими сармо ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ки дар ин масъала ягон мушкилӣ вуҷуд надорад. Муштариёне, ки бо онҳо шартнома баста шудааст, азбаски соҳибмулк мебошанд, барои аз таҳхона то манзили истиқоматиашон бурдани қубурҳои интиқоли гармӣ вазифадоранд ва онҳо ин амалро бевосита худашон ба анҷом мерасонанд, ки барои шаффофияти он мусоидат менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки муштариён моҳияти ин амалро хуб дарк намуда, дар анҷоми он хеле фаъоланд ва то имрӯз хона ва дигар иншоти худро барои қабули гармӣ қариб пурра омода намудаанд.
Бояд зикр кард, ки дар ин масъала то имрӯз аз ҷониби шаҳрвандон ягон арзу шикоят ворид нагардидааст ва он таҳти назорати қатъии роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, роҳбарони сохторҳои шаҳриву ноҳиявии марбута қарор дорад.
Хотиррасон менамоем, ки то 18 сентябри соли равон «Муассисаи шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» 93,2 фоизи нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 иҷро кардааст. Аз ҷумла, таъмири ҷории қубурҳои гармидиҳанда ба масофаи 26,2 км (100, 8%) ва иваз намудани қубурҳои гармидиҳанда ба масофаи 6,27 км (209%) ба анҷом расонида шуда, 23 адад (88,4%) истгоҳҳои насосӣ ва 208 (138,7%) адад чоҳҳои гармитақсимкунӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Илова ба ин, 7 дегхона (53,8%) ва 1246 элеваторҳо таъмир шуда, дар 2 бунгоҳ (100%) иваз намудани обгармкунакҳои гармидиҳӣ анҷом дода шуданд.
Инчунин баъд аз гузаронидани санҷиши гидравликӣ ба 790 иншооти пойтахт шиносномаҳои тайёрӣ дастрас гардида, корҳо дар ин самт тибқи нақша идома доранд.
Бояд тазаккур дод, ки дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, ки 25 сентябри соли равон баргузор гардид, ҷараёни иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017 – 2018 дар шаҳри Душанбе» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз роҳбарон ва масъулини тамоми сохторҳо бо қотеият талаб кард, ки тамоми камбудӣ ва нуқсони мавҷударо сари вақт бартараф намуда, дар пешрафт, тараққӣ ва ободонии шаҳр дар роҳи фароҳам овардани зиндагии шоиста ба тамоми қишрҳои ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Сохторҳои дахлдор ва раисони ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки ҷиҳати пурра пайваст шудани бинову иншоот ва таъмини пурраи шиносномаҳои тайёрӣ ба қабули энергияи гармӣ, барқароркунии механизмҳои гармитақсимкунӣ то 25 октябри соли 2017 маълумоти муфассал пешниҳод намоянд ва ҷиҳати гузаронидани корҳои профилактикӣ, иваз намудани ноқилҳои корношоям, муоинаи қуттиҳои барқтақсимкунӣ, ивази равғанҳои трансформаторҳо ва захираи сӯзишворӣ чораҳои заруриро сари вақт амалӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки вазъи молиявӣ-иқтисодии корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2» ва «Автобус-3»-и шаҳри Душанберо пурра таҳлил намуда, инчунин барои дар оянда даст кашидан аз пошидани қуму намак дар роҳҳо ва ба ҷои он истифодаи моеъҳои замонавӣ, сари вақт ворид намудани техникаҳои коммуналии нав тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин масъулини соҳаҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки бо мақсади пешгирии болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла картошка, пиёз ва сабзӣ, равған, орд, ангишт ва ҳезум ҳамкориро ҷиҳати захира намудани маҳсулоти ниёзи аввал бо хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷоннок намоянд.
Рухсораи НУР,
АМИТ “Ховар”