Дар Душанбе Рӯзи байналмилалии мусиқиро таҷлил мекунанд

Сентябрь 28, 2017 17:06

ДУШАНБЕ, 28.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 29 сентябр, соати 16:30 дар толори консертии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии мусиқӣ барномаи консертӣ баргузор мегардад.

Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар барномаи консертӣ асарҳои композиторони классику муосири ҷаҳон манзури ҳаводорони савту оҳанг мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки Рӯзи байналмилалии мусиқӣ бо ташаббуси Шӯрои байналмилалии мусиқии назди созмони ЮНЕСКО дар Ассамблеяи генералии 15-ум соли 1973 эълон гардида, шурӯъ аз соли 1975 ҳамасола 1 октябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мусиқӣ бо роҳандозии чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, барномаҳои васеи консертӣ бо иштироки ҳунармандон, гурӯҳҳои ҳунарӣ, композиторон ва мусиқишиносон ҷашн гирифта мешавад.

Сентябрь 28, 2017 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе