Дар «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр, соати 16-00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, 13 сентябри соли 2017 аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ бахшида ба ҷашни 26 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қабул гардида буд, ки ҳадафи он рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, фароҳам овардани имконоти фароғату истироҳати сокинони пойтахт, ташвиқу тарғиби пойгаи аспдавонӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Тибқи қарори мазкур сарраёсати молияи шаҳри Душанбе уҳдадор гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои пардохти мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ 51 000 (панҷоҳу як ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.
Ҳамчунин дар қарор омадааст, ки раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ва риояи Маромномаи сокини пойтахт тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






