Дар Тоҷикистон марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал 2017» оғоз ёфт

Сентябрь 26, 2017 14:04

ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба оғози марҳилаи дуюми «Нелегал-2017» ҷамъомад доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ хабар доданд, дар ҷамъомад муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии вазорат Нуралӣ Сафаров зикр кард, ки фармоиши якҷояи ВКД, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани амалиёти муштараки «Нелегал-2017» ба имзо расида, амалиёт бо қувва ва ҳайати шахсии сохторҳои мазкур гузаронида мешавад.

Барои самарабахш гузаронидани тадбирҳо, назорати саривақтӣ ва идораи қувваю воситаҳои ҷалбкардашуда, аз ҳисоби мақомоти мазкур дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ва воҳидҳои поёнии он ситодҳои фаврӣ таъсис дода шудаанд.

Нелегал 2017 225 сентябр мақомоти корҳои дохилӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон ба марҳалаи дуюми амалиёти муштараки «Нелегал 2017» оғоз карданд. Амалиёти мазкур то 6 октябр идома мекунад. Мақомоти дахлдор дар ин муддат бояд асноди тамоми шаҳрвандони хориҷиеро, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, тафтиш кунанд.

Бояд зикр намуд, ки мутобиқи қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ), ҳар сол дар ду марҳила- моҳҳои май-июн ва сентябр-октябр корҳои фаврӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм таҳти унвони шартии «Нелегал» гузаронида мешавад.

Сентябрь 26, 2017 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад