Дар Вазорати корҳои дохилӣ пешгирии зӯроварии хонаводагиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 16.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода бо Директори филиали «Геселшафт фюр Организатсион Планунг унд Аусбилдинг» (ГОПА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Елена Максименко зимни вохӯрӣ рушди ҳамкорӣ дар самти пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, таҳким бахшидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии хушунати оилавӣ ва дигар масоили мубрамро баррасӣ карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорат Фарҳод Шодмонзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам тақвият ёфтани ҳамкории мутақобилан судманд изҳори умедворӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали «Геселшафт фюр Организатсион Планунг унд Аусбилдинг» (ГОПА) 15 марти соли 2015 Созишномаи дуҷониба оид ба ҳамкорӣ ба имзо расида, дар ин самт як зумра корҳо амалӣ гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






