Душанбе соли 2019 пойтахти ҷаҳонии китоб мегардад!

Сентябрь 4, 2017 18:07

ДУШАНБЕ, 4.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр ҳамасола дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи китоб таҷлил карда мешавад. Ин сана ба мақсади қадр кардан ва дастгирии шахсони китобдор ва дӯстдорони китоб равона шудааст.

Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Созмони ЮНЕСКО мактуби расмӣ ворид гардидааст, ки соли 2019 шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти ҷаҳонии китоб дар миқёси кишварҳои узви ЮНЕСКО дониста шавад.

Ин иқдом баҳри бештар гардидани таваҷҷуҳи мардум ва рӯ овардани ҷавонону наврасон ба китоб хеле хуб арзёбӣ мегардад, зеро миллати тоҷик аз қадим то ба имрӯз ба китобу китобдорӣ шавқу рағбати хеле зиёд дорад.

Ба иттилои масъулини Китобхонаи миллии Тоҷикистон, яке аз  нишонаи китобдўстию  соҳибмаърифатӣ ва  фарҳангу анъанаи волои китобдории миллати мо ин  аст, ки ҳамасола дар оғози соли нави таҳсил «Рўзи китоб» дар саросари мамлакат бо шукўҳи хосса таҷлил мешавад.

Китобхона

Рўзи китоб дар баробари муаррифии китобхонаву китобдорон  мақому  манзалат ва манфиату аҳамияти китобро дар  зиндагӣ барои мардум, бахусус мактабиён  рўшантар ва меҳру муҳаббат, шавқу рағбаташонро  ба  мутолиа бештар месозад.

Китобҳо, албатта, китобҳои хубу арзишманд хазинаи бузурги  мероси гаронбаҳои гузашта ва сарвати адонашавандаи миллат буда, наврасону ҷавононро бо таърих, фарҳангу ҳунар, суннату анъана ва давлатдории аҷдодонамон шинос месозанд. Дар баробари ин, китобҳо хазинаи панду андарзу насиҳат ва дастуру тавсияномаи ҳаётанд, ки хонандаро ба худшиносӣ, инсондўстию ватанпарварӣ, хислатҳои ҳамидаву маърифати баланд, хуллас ба роҳу рўзгори шоиста ва ояндаи саодатманд  ҳидоят месозанд.

Нақши босазо бозидани китоб дар зиндагии инсон ва вобастагии муҳим доштани давраҳои гуногуни ҳаёташ бо он дар як сухани баланди файласуфи машҳури ҷаҳон Ситсерон равшан ифода ёфтааст: «Китоб ҷавониро пурсамар, пириро пурфараҳ мекунад, хушбахтиро меафзояд ва аз бадбахтӣ амон мебахшад».

Аз қадимулайём тараққиёти ҷомеа ба китоб вобастагии ногусастанӣ дорад. Аз ҳамин ҷост, ки китобро манбаи илму дониш ва сарчашмаи диёри ақл меҳисобанд. Тавассути китоб одамон аз асрори илму дониш, адабиёту фарҳанг, иқтисодиёту сиёсат воқиф гардида, ҷаҳонбинии маънавии худро ғанӣ мегардонанд.

Пайдоиши китоб таърихи тӯлонӣ дорад. Инсоният дар даврони пешин донишашонро дар рўи санг, чўб, сафол, устухон, баргу пўсти дарахтон, пўсти ҳайвонот ҳаккокӣ мекард.

Баробари кашфи папирус дар Миср китобҳои папирусӣ арзи вуҷуд карданд. Баъдан пайдо шудани коғаз дар Чин дар чопи китоб инқилоби нав ба миён овард. Китобнависӣ ва чопи он тараққӣ карда, боиси пайдо гаштани китобхонаҳо гардид. Дар асри III то милод дар Миср китобхонаи Искандария бунёд мегардад, ки дар он қариб 700 ҳазор ҷилд китоб нигоҳ дошта мешуд. Китобхонаи калонтарин  ва шўҳратёфтаи замони Сомониён «Ганҷинаи ҳикмат» ном дошт.

Дар асри XV аз ҷониби Иёҳан Гутенберг ихтироъ шудани воситаи чопии аврупоӣ дар кори китобчопкунӣ давраи нав кушод. Ба Осиёи Миёна  танҳо соли 1870 воситаи чопии аврупоӣ ворид гардид.

Имрӯзҳо ҳар як халқу миллатро дар арсаи олам, пеш аз ҳама, бо китоб, таъриху фарҳангу адабиёташ мешиносанду эътироф мекунанд.

Аз ҷумла, миллати тоҷик аз қадим соҳиби китобу маърифату фарҳанг  аст. Ин миллат асрҳо бо нобиғаҳои давру замон, симоҳои намоёни адабиёту фарҳангаш машҳур гардида, бо мероси гаронбаҳои онҳо оламро тасхир кардааст.

Бо вуҷуди он ки солҳои охир телевизион ва шабакаи интернет пайдо гардид, китоб мақоми худро гум накард, зеро он ҳама маълумот ва донише, ки китоб медиҳад, интернет дода наметавонад.

Тавре Озар Баҳромзода, масъули Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, шумораи китобхонаҳо дар ҷумҳурӣ 1350 адад буда, аз инҳо 73 ададашон китобхонаҳои вилоятӣ ва 80ададашон китобхонаҳои бачагона мебошанд.

Рузи китоб-7Бо ибтикори Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ҳамасола ба муносибати Рӯзи китоб дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» баргузор мегардад.  Озмун миёни муҳассилини муассисаҳои таълимию хонандагони китобхонаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сурат мегирад.

Ҳадаф аз баргузории он ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, эҳёи суннатҳои китобдӯстиву китобдорӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллию умумибашарӣ, рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ, зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб миёни онҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Озмун дар се давр дар тамоми қаламрави кишвар баргузор гардида, даври ҷамъбаст ва маросими туҳфасупорӣ ба ғолибони озмун 5 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Тибқи иттилои масъулини Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар муқоиса ба солҳои пешин вазъи боздиди хонандагон аз китобхонаҳо рў ба беҳбудӣ меорад. Таҳлили фаъолияти бахши бақайдгирии шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён нишон дод, ки аз оғози фаъолияти Китобхона то ба имрўз ба узвияти Китобхонаи миллии  Тоҷикистон  126 ҳазору 919  нафар  хонандагон пазируфта шудаанд. Танҳо дар  шашмоҳаи аввали соли равон ба узвияти Китобхонаи миллӣ  20072  нафар пазируфта  шуданд, ки нисбат ба шашмоҳаи аввали  соли 2016-ум 12 656 нафар зиёдтар аст. Аз ин миқдор 6800 нафари онҳо донишҷўёни макотиби олӣ мебошанд.

Соли ҷорӣ зиёда аз 75 ҳазору 918 нафар вориди толори хониши электронии Китобхонаи миллӣ шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки соли равон Китобхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таблиғотии «Даъват ба китоб ва китобхона»-ро барои ҷалби хонанда ба роҳ монд. Кормандони китобхона гурўҳҳои корӣ ташкил намуда, ба муассисаҳои таълимӣ рафтанд ва бо баргузор кардани суҳбатҳои таблиғотӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ донишҷўён ва талабагонро ба китобхонаю китобхонӣ ҷалб намуданд.

Бояд гуфт, ки ободию  пойдории олам ва пешравию зиндагии осудаи насли одам, пеш аз ҳама,  аз файзи китоб ва фарҳангу маърифат аст.


Зарангези ЛАТИФ

 

Сентябрь 4, 2017 18:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОХИ НАВРӮЗ»-МУЪҶИЗАИ МУОСИРИ САЙЁҲӢ. Ва ё шоҳкории даврони истиқлол, ки бо иқдоми Президенти Тоҷикистон бунёд шудааст
Рустами Эмомалӣ: «Ҳифзи ҳуқуқи кӯдакону наврасон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон мебошад»
ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз хиёбони Бобоҷон Ғафуров то хиёбони Абуалӣ Сино муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе нуқтаи дигари нерудиҳии электромобилҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
«ДУШАНБЕ-ШАҲРИ ҲУШМАНД». Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Шуруъ аз 25 май дар пойтахти Тоҷикистон 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ фаъолият менамояд
Дар Душанбе Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бошукуҳ таҷлил мегардад
Рустами Эмомалӣ: «Ҷавонони далеру ғаюри мо дар ҳар лаҳза баҳри дифои марзу бум ва ҳифзи истиқлолияти мамлакат омода мебошанд»
Дар Душанбе бо мақсади рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тақвияти корҳои ободонӣ ҷаласа доир шуд
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахти Тоҷикистон 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ ифтитоҳ мегардад
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД». «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон оғоз гардид
Озмуни «Беҳтарин акси шаҳри Душанбе» оғоз шуд