Эмомалӣ Раҳмон сулҳу суботи пойдор дар Афғонистонро омили калидии таъмини суботу амният дар ҳавзаи Осиёи Марказию Ҷанубӣ номиданд
ДУШАНБЕ, 20.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк аз вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Афғонистони ҳамҷавор изҳори нигаронии ҷиддӣ карда, иброз намуданд, ки он моро бетафовут гузошта наметавонад. Чунки имрӯз комилан возеҳ аст, ки сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон омили калидии таъмини суботу амният дар ҳавзаи Осиёи Марказию Ҷанубӣ ва дигар минтақаҳои ҳамсоя ба шумор меравад.
Бинобар ин, Сарвари давлат ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва андешидани тадбирҳои муассирро ҷиҳати ҳалли фарогири қазияи Афғонистон хеле муҳим арзёбӣ намуда, омили муҳим дар ин ҷода, аз ҷумла, ҷалби Афғонистон ба раванди ҳамгироии минтақавӣ тавассути тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо онро номиданд.
Вобаста ба ин Пешвои миллат аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват намуданд, ки ба Афғонистон дар эҳёи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушди инфрасохтори нақлиётиву иртиботии он мусоидату кумакҳои ҳадафрас намояд.
«Тоҷикистон, ки бо Афғонистон наздики 1400 километр сарҳади умумӣ дорад, дар ин ҷода омода аст саҳми ҳамаҷонибаи худро гузорад»,- зикр намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






