ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мегардад

Сентябрь 4, 2017 12:23

«Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст».

Эмомалӣ РАҲМОН

ДУШАНБЕ, 04.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Воқеан ҳам нақш ва ҷойгоҳи китоб дар ҷомеа басо бузург ва муаасир мебошад.  Далели равшани ин- тасвир ёфтани китоб дар яке аз рамзҳои асосии давлатии Тоҷикистон- Нишон  дар баробари пахтаву гандум ва кӯҳу офтоб буда, баёнгари фарҳангдӯстиву соҳибмаърифатии миллати мо мебошад.

Дар  солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳу ғамхории доимии Ҳукумати  мамлакат ва билхосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  китобу китобдорӣ ва рушди бемайлони ин соҳа баръало ба назар мерасад. Тавре дар хотир дорем, ҳангоми гузоштани хишти аввали бинои Китобхонаи миллӣ маҳз Пешвои миллат 4 сентябрро Рӯзи китоб эълон намуда буданд. Ва ин сана ҳамчун иди расмӣ дар Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид» зикр шудааст.

Дар робита ба ин мавзӯъ бо як нафар китобдори ҷавону муваффақ, ҳамсоли Истиқлолияти кишвар, сардори шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон Назира Толибова  ҳамсуҳбат шудем.

Ховар: То ҷое иттилоъ ёфтем, Шумо факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо дипломи сурх хатм кардаед…   

Н. Толибова: Бале, ман соли 2013 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро бо ихтисоси китобдор–библиограф-омӯзгор муваффақона хатм намудам. Ростӣ, дар вақти мактабхониам ба касби омӯзгорӣ майл доштам, лекин бо мурури замон ҳангоми ба Донишкада ҳуҷҷатҳоямро супурдан касби китобдориро интихоб намудам ва пушаймон ҳам нестам, чунки ин яке аз беҳтарин касбҳои олам аст.

Ховар:  Ба андешаи Шумо, китоб ва китобхона чӣ дунёеро дар худ фаро гирифта метавонанд ва дарки ин дунё аз нигоҳи Шумо?

Н. Толибова: Китобхона махзанест, ки наметавонад дур аз ҷомеа бошад. Китобро инсонҳо менависанд ва онро боз ҳамин инсонҳо мехонанд. Аз ин рӯ толори пур аз хонанда ифтихори китобдор аст. Ҳар қадар толорро пур мебинем, ҳамон андоза завқу шавқамон ба кор зиёд мешавад. Ва бовар кунед, аз хизмат расондан ба анбӯҳи хонандагон ҳатто хастагиро ҳам эҳсос намекунем. Китобхона, бешак, махзани илму дониш аст. Китобро метавон ба саҳифаҳои зиндагӣ монанд кард. Вақте инсон китоб мехонад, аз паси ҳамон қаҳрамононаш меравад, бо онҳо ҳамнишин аст, бо онҳо нафас мекашад, роҳ меравад, менишинад, мехезад. Яъне, ҳамроҳу ҳамдами онҳо мешавад. Ва аз зиндагии онҳо сабақ мегирад. Ин аст расолати китоби хуб ва хонандаи хуб. Ва мо ҳамин гуна хонандаро дар толори худ интизорем.

Рузи китоб-1 Рузи китоб-6

Ховар:  Имрӯз кадом мушкилоту монеаҳо дар китобхонаҳо мавҷуданд ва садди роҳи пешравӣ мегарданд?

Н. Толибова: Дар соҳаи китобдорӣ дар баробари дастовардҳо камбудиҳо низ ба чашм мерасанд. Бисёре аз китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар  дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, аз норасоии  адабиёт ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ танқисӣ мекашанд. Ин мушкилотро мо  ҳамеша зимни вохӯриву семинарҳо бо устодони соҳа ба миён мегузорем.

Ховар:  Шумо  масъули шуъбаи кӯдакон ва наврасони  Китобхонаи миллӣ ҳастед. Кор бо наврасону кӯдакон магар душвор нест? Чӣ гуна муяссар мешавад дунёи ботинии кӯдаконро омӯзед ва ба онҳо дар тавсияи ин ё он маводи хониш кумак намоед?

Н. Толибова: Кор бо кӯдакону наврасон ва роҳ ёфтан ба қалбҳои нозуку кӯчаки онҳо, албатта,   саҳл нест. Дар  якҷоягӣ бо ҳамкоронам аз қабул то гусели ҳар хонандаи кучак кӯшиш мекунем пайваста  бо онҳо бошем, бо  хушмуомилагӣ ва дилгармӣ чӣ дархосте, ки доранд, сари вақт ва бо чеҳраи кушод иҷро намоем, зеро ин рисолати касбии мост. Аслан гирем, кормандони тамоми шуъбаҳои хизматрасонӣ равоншиносанд ва ҳар як хонандае, ки вориди толор мегардад, мо аллакай медонем, ки ӯ чӣ мехоҳанд. Яъне, китобдорон вазифадоранд ақидаи хонандагонро хуб ҳис карда, ба онҳо дар интихоб тавсияҳои муфид диҳанд. Кӯдакон дар толори мо хеле озоданд. Мо давродаври толор китобҳоро чида мондаем ва хонандаи мо бе он ки китобе фармоиш диҳад, худ озод меравад, аз рафҳо китоб мегирад ва мехонад. Хаста ки шуд, сари компютер менишинад ва ё дар толори дигар машғули бозӣ мешавад. Хулоса, дар толори кӯдакон ҳар шароите, ки беҳтарин боғча дорад, муҳайёст.

Ховар:  Рағбати кӯдакони имрӯза ба китобу китобхонӣ дар кадом сатҳ қарор дорад? Ба андешаи Шумо, кӯдакони даврони итиқлолият, ки дар як фазои орому осудаи кишвар бузург гаштаву дорои шароити замонавӣ ҳастанд, чӣ диде дар самти илму дониш доранд?

 Н. Толибова: Тӯли  ду соле, ки дар шуъбаи кӯдакон ва наврасон кор мекунам, мебинам, ки таваҷҷуҳи хонандагони мактабҳои миёна ба китобхонӣ афзудааст.  Ба  андешаи манн, бачаҳое, ки ба толори хониши атфол меоянд, хеле донову  зираканд. Онҳо баробари ворид шудан ба зудӣ барои худ китоби зарурӣ пайдо мекунанд. Ҳамарӯза ба шуъбаи мо зиёда аз 100 нафар хонандагони хурду калон меоянд ва боиси хурсандии мо кормандон мебошад, ки толори мо пур аз хонанда аст. Ин аз хонавода, омӯзгорон ва китобдороне, ки онҳоро бо чеҳраи гарм истиқбол мегиранд, вобастагӣ дорад. Дар шуъбаи мо ғайр аз хизматрасониҳои анъанавӣ, инчунин барномаҳои фарҳангӣ, аз қабили «Дастони моҳир», озмуни расмкашӣ, ҷалби навқаламон ва китобхонон ба шуъба доир мешаванд. Яъне, ба ин василаҳо мо талош дорем, ки ҳарчи бештар хонандагон рӯ ба китобу китобхона оранд.

Рузи китоб2
Ховар:  Ч
ӣ бояд кард, то кӯдакон ҳамеша ба хониш машғул бошанд?  

Н. Толибова: Фарзандонро аз айёми хурдсолӣ, ҳангоми дар боғча буданашон бо китобу китобхона   бояд шинос кард. Меҳри  китобро аз хурдсолӣ дар дилашон бояд ҷой дод, то кӯдак фаҳмад, ки китоб чист ва ба ӯ чӣ дода метавонад. Фикр мекунам, дар ин роҳ бештар волидайн ва гузашта аз ин, омӯзгорон  масъуланд, то дӯст дошатани китоб ва ба китобхона рафтанро ба зеҳну завқи кӯдакон талқин намуда, муҳаббати китобро дар дилашон ҷой диҳанд. Ҳамзамон як андешаи дигар низ дорам. Хуб мешуд агар Вазорати маориф ва илми кишвар фаннеро роҷеъ ба китобхонашиносӣ дар мактабҳои миёна ҷорӣ мекард, шояд дар самти ошноии китобу китобхона ба наврасону хонандагон иқдоми хуб мешуд. Яъне ба ин васила хонандагон метавонанд аз айёми хурдсолӣ истифода аз феҳрист ва даст ёфтан ба фонди китобхона, инчунин пайдо кардани адабиёти заруриро  омӯзанд. Фикр мекунам ин қадами бузурге дар роҳи ҷалби наврасону ҷавонон ба  китобхонӣ хоҳад буд.

 

 Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР

Сентябрь 4, 2017 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд
Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад