Иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалӣ барои солҳои 2017 – 2020
ДУШАНБЕ, 16.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябри соли равон дар маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017 – 2020» семинари иттилоотӣ баргузор гардид. Дар он масъулини татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, ҳамзамон намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раёсатҳои маорифу тандурустӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят ширкат варзиданд.
Дар семинар таъкид гардид, ки тибқи қонунгузорӣ вазифаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи онҳо, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон дар масъалаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон иборат мебошад.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, дар ҷараёни семинар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дар мавзӯи «Уҳдадории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон. Ҷой ва нақши шарҳи универсалии даврӣ ва Шўро оид ба ҳуқуқи инсони СММ дар низоми уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода дар мавзӯи «Нақшаи миллии амалҳо оид ба Шарҳи универсалии даврӣ барои солҳои 2017 – 2020», сардори шуъбаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамс Нурализода роҷеъ ба масъалаи «Тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2020» ва дигарон маърӯза намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






