Иштироки дипломатҳои тоҷик дар давраҳои омӯзишии Вазорати федеролии корҳои хориҷии Германия

Сентябрь 7, 2017 08:51

ДУШАНБЕ, 07.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 29 сентябри соли равон бо ташаббуси Вазорати федеролии корҳои хориҷии Германия дар шаҳри Берлин давраҳои омӯзишии дипломатҳои ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор мегарданд. Барои иштирок дар ин давраҳои омӯзишӣ се намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват гардидаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Германия хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи давраҳои омӯзишӣ сардори Раёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои шарқии Вазорати федеролии корҳои хориҷии  Германия Михаил Зиберт сухан гуфта, ҳадафи онро ба ҳам овардани дипломатҳои кишварҳои як минтақа ҷиҳати дар оянда мусоидат намудани онҳо дар рушди ҳамкории минтақавӣ арзёбӣ намуд.

Сафири Тоҷикистон дар Германия Маликшо Неъматов ба роҳбарияти Вазорати федеролии корҳои хориҷии Германия барои мусоидат ҷиҳати иштироки дипломатҳои ҷавони Тоҷикистон дар ин омӯзишҳо изҳори миннатдорӣ намуда, хостори дар оянда идома додани ин анъанаи нек шуд.

Сентябрь 7, 2017 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе