«ИСТИҚЛОЛ» — ЧЕМПИОН! Дастаи пойтахт бори шашум ғолиби Чемпионати Тоҷикистон гардид
ДУШАНБЕ, 19.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ шуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, «Истиқлол» дар бозии даври бистум аз Чемпионати Тоҷикистон дастаи «Панҷшер» — ро бо ҳисоби (5: 0) мағлуб карда, пеш аз анҷоми мавсим унвони чемпиониро ба даст овард.
Барои дастаи футболбози пойтахт ин чорумин унвони чемпионии пай дар пай аст. Пештар «Истиқлол» дар соли 2010, 2011, 2014, 2015, 2016 ғолиби чемпионати мамлакат шудааст.
То анҷоми мавсим дастаи «Истиқлол» панҷ бозии дигар мегузаронад.









Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






