«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад

Октябрь 23, 2026 15:25

ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 октябр, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор қаҳрамони Тоҷикистон–дастаи  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо дастаи футболи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия  барои роҳхат ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бозӣ мекунад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки 20 октябр бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 баргузор шуданд. Дар гурӯҳи «В» қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо дастаи футболи «Ал-Арабӣ»-и Кувайт бозӣ карда, бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Ҳисобро дар дақиқаи 38-ум Рустам Соиров боз намуд. Дар дақиқаи 85-ум  Алишер Шукуров бо зарба аз беруни майдони ҷаримавӣ голи дуюмро зада, ба дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе се имтиёзи муҳим овард.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар нахустин бозӣ дар гурӯҳи «B»-и Лигаи даъвати КФО-2026/27 аз дастаи футболи «Наҷмеҳ»-и Лубнон бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буд.

  АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

 

Октябрь 23, 2026 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид