Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд

Октябрь 21, 2026 15:26

ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Шоҳрух Назаров  дар Бозиҳои V параосиёӣ соҳиби медали нуқра гардид. Ин аввалин медали ҳайати дастаи мунтахаби   Тоҷикистон дар таърихи иштироки кишвар дар Бозиҳои параосиёии тобистона мебошад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».

 Шоҳрух Назаров 20 октябр дар намуди парадзюдо, дар вазни то 81 кг ва синфи J1, ки барои варзишгарони нобино пешбинӣ шудааст, ҳунарнамоӣ карда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои V Параосиёӣ аз 18 то 24  октябр дар префектураи Айти ва шаҳри Нагояи  давлати  Ҷопон баргузор  мешаванд. Аз  Тоҷикистон дар ин мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалӣ  10  варзишгар — 9 мард ва 1  зан дар шаш намуди варзиш  иштирок менамоянд.

                                                                                       АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 21, 2026 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид