Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад

Октябрь 15, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17–18 октябри соли 2026 дар шаҳри Кӯлоб Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд беҳтарин ҷудокорони мамлакат ҷамъ омада, барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ ва нишон додани маҳорати варзишӣ сабқат хоҳанд кард, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».

Ин мусобиқа яке аз рӯйдодҳои муҳими тақвими ҷудои Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои муайян намудани варзишгарони беҳтарин ва фароҳам овардани шароити рақобати солим байни ҷудокорони мамлакат имкони хуб фароҳам меорад. Ҳадафи асосии баргузории Ҷоми Президенти Тоҷикистон кашфи истеъдодҳои ҷавон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва омода намудани насли нави қаҳрамонони ҷудои тоҷик мебошад. Чунин мусобиқаҳо ба ҷалби ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди минбаъдаи ҷудо дар кишвар мусоидат мекунанд.

Барои ҷоизадорони Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо дар маҷмуъ 1 миллиону 260 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 15, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад