«Истиқлолият нишонаи возеҳи ҳастии миллат аст» — шарҳи матбуот

Сентябрь 14, 2017 15:12

ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта сокинони мамлакат ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳ ва шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд. Нашрияи «Ҷумҳурият» (12.09.2017,№191) матни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти давлатӣ бо сарлавҳаи «Истиқлолият оғози марҳалаи навини давлатдории миллист»  нашр кардааст. Сарвари давлат зимни суханронӣ, аз ҷумла чунин зикр карданд: «Бисёр муҳим аст, ки ҳар як сокини мамлакат қимату арзиши озодиву соҳибихтиёрӣ ва давлати миллиро амиқан дарк намояд ва аз имконияте, ки таърих барои мо фароҳам овардааст, пурсамар истифода барад. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки танҳо бо доштани давлати соҳибистиқлол, Ватани соҳибихтиёр ва ҷомеаи пешрафта метавонем дар дунёи мутамаддин мақоми арзанда дошта бошем».

Нашрия ҳамчунин матни номаҳои шодбошии сарони давлатҳои хориҷиро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бознашр карда, аз тантанаҳои идона ба ифтихори бузургтарин ҷашни миллӣ дар Варзишгоҳи марказии пойтахт гузориши муфассали матбуотӣ пешниҳоди хонандагон кардааст. Барномаи театришудаи ҷашнӣ аз суруду таронаҳо ва саҳнаҳои ҷолиби тараннумкунандаи арзишҳои волои миллӣ дар замони 26 соли Истиқлолияти давлатӣ иборат буд, ки аз ҷониби тамошобинон гарму ҷӯшон истиқбол гирифта шуд. «Ҷумҳурият» дар идомаи мавзӯъ матлабҳои «Истиқлолият ва рушди ҳокимияти судӣ», «Истиқлолият ва ормонҳои милливу давлатдорӣ», «Далелҳои гӯё», «Роғун нури тоза мегирад», «Фарзонафарзандони миллат ва забони тоҷикӣ»-ро нашр карда, доир ба вижагиҳои тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузориши хабарнигори нашрия Д. Рӯзиевро чоп кардааст.

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (13.09.2017,№192) сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ташриф оварда буданд, пурра инъикос шудааст. Зимни сафари корӣ Президенти мамлакат дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, меҳмонхонаи замонавӣ, корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот иштирок карда, ба оғози сохтмони варзишгоҳ ва қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин санги асос гузоштанд. Ҳамчунин дар ҷараёни ин сафар Пешвои миллат ва директори Бонки исломии рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар бо гузоштани санги асос ба бунёду навсозии қитъаи Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳини роҳи мошингарди Кӯлоб-Қаълаихумб оғози расмӣ бахшиданд. Баъди оғози корҳои сохтмонӣ дар қитъаи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо директори БИР Бандар Ҳамза Ҳаҷчар қитъаи Шӯрообод-Шоҳони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қаълаихумбро дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин қитъаи роҳ бо харҷи беш аз  85 миллион доллари ИМА мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шуда, дар он 10 пули мошингузар ба масофаи 1 ҳазору 121 метр бунёд гардидааст, ки бузургтарини онҳо пулҳои Шӯробак бо дарозии 306 метр, Хутхам 297 метр ва Оби Ниёб 265 метр мебошанд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (13.09.2017,№109) аз иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш омода карда, матни суханронии Сарвари давлатро дар Варзишгоҳи марказӣ ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ бо сарлавҳаи «Истиқлолият нишонаи возеҳи ҳастии миллат аст» бознашр кардааст. Дар саҳифаи дигари нашрия номаҳои шодбошии сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ ба унвони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла номаҳои шодбошии роҳбарони кишварҳои Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ӯзбекистон, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон, Франсия, Ҳиндустон, Полша, Афғонистон, Покистон, Туркманистон, Италия, Арманистон, Ҷумҳурии Корея, Ветнам, Озарбойҷон, Конфедератсияи Швейтсария  чоп шудаанд.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» дар саҳифаи назм шеърҳои Ҳасани Султон ва дар саҳифаи наср ҳикояи Сорбонро бо номи «Куҳнадӯз» чоп кардааст. Нашрия ҳамчунин мусоҳибаи С.Зарафшонфарро бо нависанда Барот Абдураҳмон таҳти сарлавҳаи «Нависандагии ман аз афсонагӯӣ оғоз ёфтааст» ва суҳбати хабарнигори АМИТ «Ховар» М.Саидзодаро бо шоир Рустам Ваҳҳобзода «Муаррифгар не, муарриф бояд навишт…» пешкаши дӯстдорони адабу сухан ва санъат кардааст.    

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ»  мақолаҳои «Танзим – талаби замон», «Қадамҳои устувор дар самти рушд», «Паёмадҳои тағйирёбии иқлим», «Канаск – макони кишоварзон» ва хабари «Ҳаҷ нарафту маҳалларо равшан кард» чоп намудааст, ки аз тарафи хонандагони нашрия хуш пазируфта хоҳанд шуд.

Сентябрь 14, 2017 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад
«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд