Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар Душанбе: «Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз лиҳози захираҳои обӣ бойтарин кишвар аст»

Сентябрь 20, 2017 12:37

ДУШАНБЕ, 20.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ва дастгирии  Ҳукумати кишвар Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон — кишвари пешоҳангу ташаббускор оид ба татбиқи сиёсати байналмилалии об»  доир гардид.

Дар Конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, олии касбӣ, масъулини сохторҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.

Дар Конференсия муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зикр кард, ки: «аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид  эътироф гардидани боз як ташаббуси Тоҷикистон оид ба об боиси нуфузи  Тоҷикистон шуда, дар амал татбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо нафар сокинони сайёра беҳбудӣ ва хушбахтӣ меорад».

Маҳмадсаид Зувайдзода  ҳамчунин  ҳадафи баргузории конференсияро  дар  сатҳи баланд тарғиб намудани  сиёсат ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об,  оқилона ҳифз намудани захираҳои обӣ дар шароити гармшавии иқлим, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзи захираҳои оби ошомиданӣ, вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо ҷиҳати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар ҷумҳурӣ маънидод намуд.

Дар ҷараёни Конференсия олимону коршиносон ва мутахассисони соҳаҳои мухталиф дар мавзӯъҳои  «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди  ташаббусҳои  глобалӣ дар соҳаи об», «Пешвои миллат ҳамчун ташаббускори ҳалли масоили об», «Нақши об дар рушди устувори кишоварзӣ»,  «Сайёҳӣ  захираҳои оби Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд», «Захираҳои об ҳамчун асоси зиндагии инсон ва рушди устувори иқтисодиёт», «Истифодаи оқилонаи захираҳои обии  дарёҳои сарҳадгузар» , «Нақши об дар рушди тафаккур ва беҳдошти муносибатҳои иҷтимоӣ», «Тоҷикистон кишвари ташаббускори  дипломатии об»  маърӯзаҳои  илмӣ карданд.

Маърӯзачиён, аз ҷумла, зикр  карданд, ки  Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз лиҳози захираҳои обӣ бойтарин кишвар буда, ҳар сол дар қаламрави кишвар 64 миллиард метри мукааб об ташаккул меёбад, ки ин тақрибан 60 фоизи ҳаҷми оби дарёҳои минтақаро ташкил медиҳад. Таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, рушди соҳаи энергетика аз самтҳои афзалиятноки Хукумати кишвар  маҳсуб ёфта, пайваста баҳри беҳсозии таъминоти аҳолӣ бо об, дастрасии комил ба неруи барқ ва боз ҳам боло бурдани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тадбиҳои амалӣ андешида мешаванд.

Дар фарҷоми Конференсия миёни маърӯзачиён ва иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сентябрь 20, 2017 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд