Корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои Душанбе муваззафанд дар атрофи мавзеи худ ниҳолу бутта ва гулҳои мавсимӣ шинонанд

Сентябрь 1, 2017 12:47

ДУШАНБЕ, 01.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ «Дар бораи тасдиқи Нақшаи  чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар мавсими тирамоҳи соли 2017 ва баҳори соли 2018» ба тасвиб расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд,  қарори мазкур бо мақсади иҷрои банди 38 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 26 июли соли равон оид ба таҳия ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳо ва гулҳои мавсимӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қабул гардидааст.

Раиси шаҳри Душанбе бо ин қарор корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри Душанбе фаъолиятдоштаро муваззаф намудааст, ки новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ дар атрофи мавзеи худ бо риояи талаботи агротехникӣ бо тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсоларо дар тирамоҳи соли 2017 ва баҳори соли 2018 ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намоянд.

Сентябрь 1, 2017 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид