Мақомоти тафтишоти молиявии ИДМ нисбат ба маблағгузорӣ ба терроризм ва экстремизм тадбир меандешанд
ДУШАНБЕ, 16.09.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар Қазон ҷаласаи XIX-уми Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти тафтишотии андози (молиявӣ) кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/доир гардид, ки дар он намояндагони Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Россия, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Роҳбарони мақомоти тафтишотии молиявии ИДМ масъалаҳои марбут ба фаъолияти мақомоти тафтишотии молиявӣ оид ба таъмини амнияти иқтисодии давлатҳои ИДМ, ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта, таъмини самаранокии иҷрои буҷети кишварҳояшонро баррасӣ намуданд. Дар доираи ин масъалаҳо ҳамзамон имконоти ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои мувофиқакунонидашудаи фаврию ҷустуҷӯӣ ва амалиёти махсус, табодули иттилоот оид ба истифодаи усулҳои муосир ҷиҳати ҳифзи маблағҳои буҷетӣ матраҳ гардиданд.
Дар ҷаласа аъзои Шӯро таваҷҷуҳи асосиро ба андешидани тадбирҳо оид ба муқовимат ба маблағгузории терроризм ва экстремизм, аз ҷумла ба роҳ мондани табодули иттилоот нисбат ба нафароне, ки ба маблағгузории фаъолияти терроризм ва экстремизм ва терроризми байналмилалӣ даст доранд, равон карданд.
Иштирокдорони ҷаласа инчунин масъалаҳои ташкилӣ ва нақшаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти тафтишотии андози (молиявӣ) кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои солҳои 2017-2018 баррасӣ карданд.








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






