Мэн Тсзян Чжу: «Чин ва Тоҷикистон ду давлати дӯсту ҳамсоя мебошанд»
ДУШАНБЕ, 28.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории 86-умин Ассамблеяи генералии Интерпол дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Котиби Кумитаи сиёсии ҳуқуқии Бюрои сиёсии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Тсзян Чжу мулоқот доир намуд. Зимни мулоқот Вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкун низ ҳузур дошт.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориро дар мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм ва дигар ҷинояту ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба вазъи сарҳади Афғонистон ва амнияти минтақа ва ҷаҳон ибрози андеша намуданд.
Котиби Кумитаи сиёсии ҳуқуқии Бюрои сиёсии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Тсзян Чжу изҳор дошт, ки Чин ва Тоҷикистон – ду давлати дӯсту ҳамсоя буда, бо шарофати мусоидати роҳбарони ду давлат муносибатҳо пайваста инкишоф меёбанд. Ҳамзамон мавсуф изҳори умедворӣ намуд, ки сохторҳои Чину Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқтатбиқкунӣ ва амният заминаҳои ҳамкориро боз ҳам устувор намуда, робитаҳоро дар самтҳои мубориза бар зидди терроризм, идораи ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва сохтмони инфрасохтор мустаҳкам менамоянд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои марбут ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, роҳҳои пешгирии амалҳои ҷинояткорона ва дар ин самт ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба миёни хадамоти дахлдори ду кишвар, мубодилаи таҷриба, иттилоот ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.








МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст






