Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати Ҷенерал Найс Инвестмент хонум Сай Суй Синг
ДУШАНБЕ, 02.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамчунин як мулоқоти самимӣ ва созанда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати Ҷенерал Найс Инвестмент хонум Сай Суй Синг доир намуданд.
Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи соҳибкорони чиниро ба захираҳои калони ангишти Тоҷикистон, истифодаи он дар истеҳсолот, ҷалби сармоя ва технологияи навтарини истихроҷ ва коркарди ангишт, истифодаи ангишт дар таъмини неруи гармӣ ба аҳолӣ ҷалб намуданд.
Роҳбарияти Ширкат дар навбати худ таъкид доштанд, ки айни ҳол бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи пурсамар доранд ва оянда бо дастгирии роҳбарияти давлату ҳукумат бо ворид кардани технологияи муосир дар самти истихроҷу истифодаи ангишт ва дигар моддаҳои кимиёвӣ барои истеҳсолот дар Тоҷикистон ҳамкориро таҳкиму тавсеа мебахшанд.








Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд






