Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти ширкати технологии “Хуавей” хонум Лин Жуйтсӣ

Сентябрь 2, 2017 08:09

ДУШАНБЕ, 02.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти ширкати технологии “Хуавей” хонум Лин Жуйтсӣ масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо дарназардошти воридот ва насби технологияи муосир дар бахшҳои гуногун тақвияти ҳамкориро дар самти омода кардани мутахассисони тоҷик барои фаъолияти пурсамар дар ин соҳа таъкид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории Ширкати “Хуавей” бо Тоҷикистон аз соли 2009 оғоз ёфта, яке аз бузургтарин лоиҳаҳояш тарҳи “Шаҳри бехатар”, яъне насби камераҳои назоратӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад. Дар намояндагии ширкати “Хуавей” (Huawei) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 140 нафар бо ҷойи кор таъмин буда, аз онҳо 135 нафарашон мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.

Зимни мулоқот роҳбарияти ширкати “Хуавей” омодагии худро барои дар Чин ба омӯзиш фаро гирифтани даҳҳо нафар мутахассисони ҷавони тоҷик иброз доштанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба дигар самтҳои муҳими ҳамкорӣ ва таҳияи лоиҳаҳои муосири ҷалби технология ба Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Сентябрь 2, 2017 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон