Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Жонгсинг Телекоммуникэйшн Эквипмент (ZTE), муассиси ширкат Хоу Вейгу

Сентябрь 2, 2017 06:06

ДУШАНБЕ, 02.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Пекин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Жонгсинг Телекоммуникэйшн Эквипмент Зетеӣ (ZTE) Хоу Вейгу мулоқот карданд.

Зимни суҳбат масоили ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуданд.

Ширкати Зетеӣ (ZTE) дар Тоҷикистон зиёда аз 20 сол фаъолият дорад ва намояндагони ширкат мақсад доранд, ки оянда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои мухталиф, аз ҷумла кам кардани талафоти неруи барқ дар Тоҷикистон ва ҳукумати электронӣ ҳамкориҳоро густариш диҳанд.

Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳамкорӣ барои ҳамқадами рушди техникаю технологияи пешқадами ҷаҳонӣ будан ва амалӣ намудани ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон басо муҳим аст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар дигар лоиҳаҳои ояндадори соҳа баррасӣ карда шуданд.

Сентябрь 2, 2017 06:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон