Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии Ширкати “Юнан Констракшн Энд Инвестмент Групп” Лю Гуочан
ДУШАНБЕ, 02.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Пекин ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии Ширкати “Юнан Констракшн Энд Инвестмент Групп” Лю Гуочан мулоқот карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои тақвияти ҳамкорӣ бо ширкатҳои сармоягузории Чин баҳри рушди иқтисодиёт ва пешрафти саноати мамлакат иброз доштанд.
Ширкати “Юнан Констракшн Энд Инвестмент Групп” ташкилоти молиявию технологӣ буда, яке аз ширкатҳои пешсаф дар бахши истеҳсоли алюминий мебошад. Зимни мулоқот намояндагони ширкат ҳавасмандии худро баҳри таҳияи лоиҳаҳои муштарак, маблағгузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, воридоти технологияи наву муосир ва аз ҷиҳати экологию техникӣ дар ҷаҳон нодир барои пешрафти кори Ширкати «ТАЛКО» дар самти коркарди ашёи хом изҳор доштанд.








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд






