Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ширкати Поли Технолоҷӣ Ван Синйе

Сентябрь 2, 2017 07:18

ДУШАНБЕ, 02.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ширкати Поли Технолоҷӣ Ван Синйе мулоқот карданд.

Дар ҷараёни суҳбат дурнамои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфузи чинӣ ва масъалаҳои ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон тавассути бунёди корхонаҳои муштарак баррасӣ гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати дарҳои боз барои ҷалби сармояи хориҷӣ фазои мусоиди сармоягузориро фароҳам овардааст ва Ширкати Поли Технолоҷӣ низ метавонад дар радифи дигар ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон фаъолияти судовар дошта бошад.

Роҳбарияти ширкат бо ҳавасмандӣ аз фазои мусоиди сармоягузорӣ бо итминон иброз доштанд, ки оянда корхонаҳои муштараки саноатии истихроҷу коркарди захираҳои моддӣ, дигар коргоҳҳои навро ба манфиати ҳар ду ҷониб бунёд менамоянд ва дар самти рушди технологияҳои коммуникатсионӣ, инчунин рушди дигар соҳаҳои ояндадор ҳамкорӣ менамоянд.

Сентябрь 2, 2017 07:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд