Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

Сентябрь 26, 2017 11:43

ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҳошияи сафари худ ба Ню-Йорк ҷиҳати иштирок дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ 25 сентябр бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лиу Ҷенмин мулоқот анҷом дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UNDESA) ҷиҳати татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба захираҳои об мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба ҷараёни тадорукот бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ва Конфронси байналмилалӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи мазкур, ки соли 2018 дар Душанбе доир мегардад, табодули афкор карданд.

Сентябрь 26, 2017 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе