Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ню-Йорк

Сентябрь 25, 2017 11:40

ДУШАНБЕ, 25.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк 22 сентябр  мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ, таъмини амнияти минтақавӣ, инчунин тадбирҳои муштарак оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов зимни нишаст аз баргузории Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ки 16 октябри 2017 дар Душанбе баргузор мегардад, иттилоъ дод. С. Аслов инчунин аз ҳамтоёни хеш ҷиҳати иштироки фаъол дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», 2018-2028 даъват ба амал овард.

Аз натиҷаи вохӯрӣ изҳороти муштарак қабул гардид, ки дар он вазирони корҳои хориҷӣ ҳамчунин ташаббуси Тоҷикистонро ҷиҳати баргузор намудани чорабинии сатҳи баланд бахшида ба даҳсолаи нав дар моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе истиқбол намуданд.

Сентябрь 25, 2017 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад