Нигаронии ҷиддии Эмомалӣ Раҳмон ва Реҷеп Тайип Эрдоган аз афзоиши исломбадбинӣ дар Мянмар

Сентябрь 7, 2017 20:00

ДУШАНБЕ, 07.09.2017./АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз хабар додем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган афзоиши исломбадбинӣ дар Мянмар ва ҳамлаҳои мусаллаҳонаи гуруҳҳои иртиҷоӣ дар Ракхайнро қотеъона маҳкум карданд.

Дар суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Реҷеп Тайип Эрдоган, ки 7 сентябр сурат гирифт, сарони ду давлат зимни баррасии масъалаҳои байналмилалӣ дар робита ба вазъе, ки нисбат бо ҷомеаи мусулмонҳо дар кишвари Мянма ба амал омадааст, изҳори нигаронии ҷиддӣ намуданд.  Онҳо афзоиши исломбадбиниро дар Мянма ва ҳамзамон ҳамлаҳои мусаллаҳонаи гурӯҳҳои иртиҷоиро дар Ракхайн қотеъона маҳкум карданд.

Аз ин лиҳоз Эмомалӣ Раҳмон ва Реҷеп Тайип Эрдоган ҷиҳати ҳалли одилонаи ҳама гунна низоъҳои этникӣ ва мазҳабӣ сирф бар асоси муколамаи мусолиҳатомез изҳори ақида намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд,  то бо истифода аз воситаҳои муассир пеши роҳи чунин зуҳуроти хатарзо гирифта шавад.

Ба иттилои «РИА Новости», бинобар вазъи аққалиятҳои мусулмони роҳинҷа дар Ракхайн, Туркия тасмим гирифтааст, ки ба Мянма ва Бангладеш ба миқдори 11 ҳазор тонна  кӯмакҳои башардӯстона ирсол намояд.  Дар ин бора Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи навбатии Ҳизби ҳокими адолат ва рушд дар Анқара хабар дода, гуфтааст, ки  ӯ бо сарони беш аз 30 кишвари дунё тамоси телефонӣ гирифта, дар иртибот бо вазъ дар Мянма изҳори нигаронӣ кардааст.

Хотиррасон менамоем, ки қувваҳои низомӣ ва амниятии Мянма аз моҳи август инҷониб дар Ракхайн бар зидди силоҳбадастони мансуб ба  халқияти роҳинҷа, ки аслан аз мусулмонони бенгалӣ ҳастанд, амалиёт ба роҳ андохтаанд. Ҳукумати Мянма онҳоро муҳоҷирони ғайриқонунии Бангладеш номида, барояшон додани шаҳрвандии Мянмаро иҷозат намедиҳад. Дар натиҷаи амалиёти низомӣ садҳо нафар мусулмонон,  аз ҷумла аз байни аҳолии осоишта, ҳалок гардида, садҳо нафари дигар ба Бангладеш фирор намуданд.

Нигарони

Сентябрь 7, 2017 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе