ОБУ ҲАВО: ҳарорат дар аксар манотиқи Тоҷикистон рӯ ба пастшавӣ меорад

Сентябрь 25, 2017 10:40

ДУШАНБЕ, 25.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, дар доманакӯҳҳо ва баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ то 2 дараҷа паст шудани ҳарорат дар назар дошта шудааст. Ин гуна вазъи обу ҳаво дар кишвар то охири моҳи сентябр боқӣ мемонад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 25  сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳаво тағйирёбанда мешавад, дар бештари ноҳияҳо ҳарорат паст гардида, гармӣ рӯзона ба 33 дараҷа мерасад. Ҳаво дар  шимоли кишвар абрноки бебориш шуда, рӯзона  28 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ  19 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносони кишвар   пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки беборишро Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқ ва ғарби вилоят ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ шуда, дар ғарби вилоят 21-26 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят     12 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва беборишро пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 31 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар пойтахт, шаҳри Душанбе 30 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Сентябрь 25, 2017 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад