ОБУ ҲАВО: дар Тоҷикистон дар баландиҳои 3000 метр барф меборад

Сентябрь 22, 2017 09:10

ДУШАНБЕ, 22.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳаво дар  Тоҷикистон тағйирёбандаи абрнок шуда, дар доманакӯҳҳо боридани борону барф дар назар аст. Ин гуна вазъи обу ҳаво то охири моҳи сентябр боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо пастшавии ҳарорат, бориши боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 22  сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳаво тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳо ҳарорат паст мегардад, гармӣ рӯзона ба 34  дараҷа мерасад. Ҳаво дар  шимоли кишвар абрноки бебориш шуда, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ паст мешавад ва рӯзона ба 33, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба 25 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносони кишвар барои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки борониро  «ваъда» мекунанд. Дар шарқ ва ғарби вилоят ҳавои тағйирёбандаи боронӣ пешбинӣ шуда, дар баландии 3000 метр боридани барф  дар назар дошта шудааст. Дар ғарби вилоят 22-27 дараҷа гарм мешавад.     Дар шарқи вилоят ҳавои ноустувор ва ҳарорати паст пешгӯӣ шуда, гармӣ дар ин мавзеъ ба 15 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва бебориш пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 34 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат 33 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Сентябрь 22, 2017 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе