ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, дар доманакӯҳҳо ва баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ то 2 дараҷа паст шудани ҳарорат дар назар дошта шудааст. Ин гуна вазъи обу ҳаво дар кишвар то охири моҳи сентябр боқӣ мемонад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 26 сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар бештари ноҳияҳо ҳарорат паст гардида, гармӣ дар водиҳо рӯзона ба 35 дараҷа мерасад. Ҳаво дар шимоли кишвар абрноки бебориш шуда, ҳарорат рӯзона 33 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 22 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Обуҳавошиносони кишвар пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки беборишро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқ ва ғарби вилоят ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ шуда, дар ғарби вилоят 23-28 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят 15 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва беборишро пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 34 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар пойтахт 33 дараҷаро ташкил хоҳад дод.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






