ОБУ ҲАВО: имрӯз дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ борон меборад

Сентябрь 12, 2017 10:07

ДУШАНБЕ, 12.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 12 сентябр дар бештари минтақаҳои  мамлакат ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон пешгӯӣ мешавад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар ғарби вилоят шабона 6-11, рӯзона 23-28 дараҷа, дар шарқи ҳамин вилоят шабона 1-4 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 31-36 дараҷаро ташкил медиҳад.

Ҳаво дар  вилояти Суғд абрнок гашта, дар бештари минтақаҳо боридани борон пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 12-17 ва рӯзона ба 25-30 дараҷа мерасад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда ва боридани борон дар назар дошта шудааст. Ҳарорат шабона 10-15 ва рӯзона  30-35 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шабона 10-12 ва рӯзона 30-32 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Сентябрь 12, 2017 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст