«Қоида ва имлои забони тоҷикиро на танҳо омӯзгорону аҳли илм, балки ҳар як шаҳрванд бояд риоя кунад». Ҳамоиши илмӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

Сентябрь 29, 2017 15:19

ДУШАНБЕ, 29.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Забони давлатӣ имрӯз дар марҳилаи рушд қарор дорад ва ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки нафосати забони модариро риоя карда, онро аз олудашавӣ ҳифз намояд. Қоида ва имлои забони тоҷикиро на танҳо омӯзгорону аҳли илм, балки ҳар як шаҳрванд бояд риоя кунад ва дар қатори дигар арзишҳои умумимиллӣ ҳамаҷониба ҳифз намояд. Ин матлаб зимни суханронии директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллои Рӯдакии АИ ҶТ Сахидод Раҳматуллозода дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии «Масъалаҳои табиати иҷтимоии забон», ки имрӯз ба хотири гиромидошти забони давлатӣ дар ин даргоҳи илм баргузор шуд, баён гардид.

Ба андешаи Сахидод Раҳматуллозода, дар давоми солҳои охир дар ҷамъомадҳои сиёсӣ ва  илмиву фарҳангии ҳам дохили кишвар ва ҳам миқёси байналмилалӣ забони тоҷикӣ ба сифати забони миллӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифодаи комил қарор гирифт. Он вазифаи забони муоширати байни мардумони кишварро низ бо сарбаландӣ иҷро карда истодааст. Забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ- сохторҳои давлативу ҳукуматӣ, истеҳсолоту иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дигар ниҳодҳои ҷомеа мавқеи забони расмии коргузориро ба даст овард ва нақши худро дар иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ низ устувор намуд.

Дар Конференсияи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби олимону забоншиносон ва  устодони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дар мавзӯъҳои «Муродифҳои лаҳҷавӣ ва байнилаҳҷавӣ», «Осори талаффузи бостон дар вожаҳои гӯиши шимолӣ», «Назаре ба таърихи фарҳангнигории тарҷумавии тоҷик», «Забон ва тафаккур», «Решашиносии бархе аз феълҳо дар забони яғнобӣ», «Омилҳои ташаккули сиёсати забон», «Назаре ба сифати феълии шеваи шимолии забони тоҷикӣ», «Масъалаи билингвизм ва муносибати лексикаи Мастчоҳ бо забони яғнобӣ», «Хусусиятҳои лаҳҷавии антропонимияи тоҷикони навоҳии Шаҳритусу Қубодиён ва Носири Хисрав», «Калимаву мафҳумҳои соҳаи дӯзандагӣ дар шеваи Конибодом» маърӯзаҳо шунида шуданд.

Зикр шуд, ки «имрӯз забони модарии мо по ба пои истиқлоли Ватанамон ба давраи сифатан нави рушду густариш  дохил шуда истодааст. Ин ҳолат моро ба андешидани иқдомоти нав дар ҷодаи  рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии  рушди забони модарӣ бо раванди ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ водор месозад. Мо бояд дар чунин шароит саъю кӯшиш намоем, то    рисолати забони модарии худро ҳифз намуда, ҷараёни таблиғу густаришу  инкишофи онро таъмин  намоем».

Хотиррасон мекунем, ки таҷлили Рӯзи забон аз соли 2009 ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад.

Сентябрь 29, 2017 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид