«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!»- ҳамоиши гирандагони стипендияҳои президентӣ дар шаҳри Душанбе

Сентябрь 26, 2017 13:16

ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ҳамоиши гирандагони стипендияҳои президентӣ ва донишҷӯёни квотаи президентӣ таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҳамоиши мазкур зиёда аз 500 нафар гирандагони стипендияҳои президентӣ дар солҳои таҳсили мухталиф ва донишҷӯёни тариқи бурсияҳои  президентӣ таҳсилкунанда иштирок намуданд.

Дар аввали ҳамоиш  меҳмонон ва гирандагони стипендияи президентӣ  аз минтақаҳои мухталифи кишвар, чун Давлатнисо Ошурбекова аз ВМКБ, ки айни замон донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, Моҳсафар Мирзоализода, гирандаи стипендияи президентӣ дар соли таҳсили 2017 -2018 аз вилояти Хатлон, Шоҳрух Юнусов, гирандаи стипендияи байналмилалии президентии «Дурахшандагон» аз вилояти Суғд, ки айни замон муҳассили Консерваторияи шаҳри Милани Италия мебошад ва Саъдулло Юсупов, роҳбари маҳфили «Стипендиатҳои ҷавон»-и Кумита аз шаҳри Душанбе маърӯзаи  пурмуҳтаво намуданд.

Дар ҳамоиш  ба гирандагони стипендияҳои президентӣ дар соли хониши 2017- 2018 аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатнома супорида шуд.

Иштирокчиёни ҳамоиш бо миннатдорӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои беназир ва эълони Соли ҷавонон муроҷиатнома қабул карданд.

Сентябрь 26, 2017 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид