ПОДОШИ ҲАР ҶИНОЯТ ҶАЗОСТ. Маркази робитаҳои ҷамъиятии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад

Сентябрь 23, 2017 16:17

ДУШАНБЕ, 23.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз ҳақоиқе, ки дар романи машҳури Фёдор Достоевский «Ҷиноят ва ҷазо» ифода ёфтааст, ин аст, ки инсон дар интихоби худ дар зиндагӣ ҳамеша озод аст. Вале чун роҳе ё амалеро интихоб кард, баробари он масъулиятеро низ бар ӯҳдаи худ мегирад. Ва дар ниҳояти кор барои ҳар гуна кирдори худ ҷавоб хоҳад гуфт.

Дар зер боз як шаҳодати ин гуфтаҳоро манзури хонанда месозем. Маркази робитаҳои ҷамъиятии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад:

22-юми сентябри соли 2017, соати 10:00, дар доираи чорабинии фаврӣ — ҷустуҷӯӣ дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ, шаҳрванд Маҳмадназарова София Саидшоевна, соли таваллудаш 1981, зодаи ноҳияи Рӯшон, истиқоматкунандаи деҳаи Вогзи ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим боздошт гардид. Ӯ мехост тавассути автомашинаи кироя миқдори як килограмм маводи мухаддири навъи ҳашишро аз ноҳияи Ишкошим ба шаҳри Хоруғ интиқол диҳад.

Ҳангоми таҳқиқи пешакии ҷиноят Мамадназарова С.С. нишондод пешниҳод кард, ки маводи мухаддирро ба ӯ шавҳараш Миравазбеков Замон Вазирбекович, соли таваллудаш 1981, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Вогзи ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим додааст, то онро ба шаҳри Хоруғ бурда, тибқи маслиҳати пешакӣ ба Ниёзбеков Отамшо Давлатшоевич, соли таваллудаш 1975, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи В. Гулмаҳмад, хонаи 7 ва Асаншоев Кавсар Айёмбекович, соли таваллудаш 1985, зодаи ноҳияи Рӯшон,  истиқоматкунандаи  шаҳри Хоруғ, кӯчаи С.Абдураҳмонов, бинои 30, утоқи 16, расонад.

Дар асоси нишондоди Мамадназарова С.С., барои даст доштан ба ин аъмоли ҷинояткорона шаҳрвандон Миравазбеков З.В. ва Ниёзбеков О. Д.  боздошт гардиданд. Тибқи баёноти номбурдагон, онҳо маводи мухаддирро аз Гулбек ном шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастрас намудаанд. Маводи мухаддир аз Афғонистон тибқи дастури сокини шахри Хоруғ Асаншоев Кавсар Аёмбекович, соли таваллудаш 1985, дар асоси маслиҳати пешакӣ аз ҷониби ӯ, интиқол дода шудааст.

Далели ҷой доштани – интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир тавассути шаҳрванд Мамадназарова С.С. аз ҷониби 4 нафар мусофирони мошини кирокаши тамғаи «Хундай Галоппер» низ пурра мавриди таъйид қарор гирифт.

Тибқи маълумоти расмии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони, шаҳрванд Асаншоев Кавсар Аёмбекович, аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ буда, пештар барои содир кардани ҷиноят — даст доштан  дар гардиши ғайриконунии маводи мухаддир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Ӯ соли 2016 дар асоси Қонун дар бораи авф ба озодӣ баромадааст. Мутаассифона, айни замон ба Асаншоев К. А. муяссар гаштааст, ки аз таъқиб ва дастгир шудан дар канор монад. Нисбати ӯ чораҳои фаъоли кофтуковӣ идома доранд.

Бо сабаби он ки шаҳрванд Мамадназарова С.С. 2 кӯдаки хурдсол дорад ва дар моҳи нуҳуми ҳомиладорӣ мебошад, муваққатан аз ҳабси пешакӣ озод карда шуд.

Новый рисунок (1)

Қобили зикр аст, ки маҳз дар натиҷаи аъмоли гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ айни ҳол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони 806 нафар ҷавонон расман дар рӯйхати нашъамандон ворид карда шудаанд. Наздик ба теъдоди 50% (377 нафар)-и онҳо ба маркази маъмурии вилоят — шаҳри Хоруғ рост меояд.

Фақат дар давоми ду соли охир (2015 — 2017) дар қаламрави вилоят 106 нафар дар натиҷаи сӯистифода  аз маводи мухаддир ҳалок гаштаанд, ки 46 нафари онҳо сокинони шаҳри Хоруғ мебошанд.

Дар робита бо ин, таъкид карда мешавад, ки Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои қудратии вилоят тамоми чораҳоро баҳри муборизаи беамон ба муқобили гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки ба қочоқи маводи мухаддир ва дигар аъмоли ҷинояткорона даст доранд, амалӣ хоҳад кард.

Сентябрь 23, 2017 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид