Президенти Тоҷикистон аз тамоюлҳои ҷаҳонии тағйирёбии иқлим изҳори нигаронӣ карданд

Сентябрь 6, 2017 10:09

ДУШАНБЕ, 06.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. “Дастрасӣ ба хизматрасониҳои боэътимод ва арзони энергетикӣ барои беҳбуд бахшидани некӯаҳволии мардумони мо аҳамияти калидӣ дорад. Мо бар он назарем, ки бо мақсади таъмини дастёбии устувор ба энергия бояд дар сатҳи ҷаҳонӣ ба зиёд кардани ҳиссаи истеҳсоли энергияи аз лиҳози экологӣ тоза ва барқароршаванда мусоидат ва маблағгузорӣ кард”. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС  дар ҳошияи Ҳамоиши БРИКС, ки 5 сентябри соли равон  дар шаҳри Сямени Чин  баргузор гардид, баён карданд.

Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон,  рушди маҷмӯии гидроэнергетика — қисми ҷудонашавандаи  «неруи сабз» — якҷоя бо истифодаи иқтидори дигар навъҳои энергияи барқароршаванда ба таъмини амнияти энергетикӣ ва таъмини устувори неруи барқ дар кишварҳои мо мусоидат хоҳад кард. Бо дарназардошти ин, Тоҷикистон ба рушди соҳаи гидроэнергетикии худ, ки иқтидори бузург дорад ва ба мо имкон медиҳад, ки ҳар сол то панҷсаду сӣ миллиард киловатт/соат неруи барқ истеҳсол намоем, аҳамияти бузург медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки тамоюлҳои ҷаҳонии тағйирёбии иқлим ва тақвияти таназзули захираҳои табиӣ, офатҳои табиӣ ва техногении гуногун ба таври ҷиддӣ ба кӯшишҳои мо барои расидан ба рушди устувор халал мерасонанд.  Дар ин росто тадбирҳои самарабахш барои паст кардани оқибатҳои ин тамоюлҳо тақвияти кӯшишҳоро барои гузариш ба «иқтисодиёти сабз» дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ талаб мекунанд. «Тадбирҳое, ки дар ин самт бояд андешида шаванд, сармоягузории воқеиро ба инфрасохтор ва истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, аз ҷумла технологияҳои рақамиро оид ба кам кардани фарогирии энергия ва маводи истеҳсолӣ тақозо мекунанд. Агар шарикӣ ба ин самтҳои муҳим равона гардад, пас метавон дар роҳи расидан ба рушди устувор ба пешрафти ҷиддӣ ноил шуд»,- изҳор доштанд Сарвари давлати Тоҷикистон.

Сентябрь 6, 2017 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид