Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Ню-Йорк аз ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба об сухан карданд

Сентябрь 22, 2017 14:33

ДУШАНБЕ, 22.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар пешбурди ташаббуси эълон кардани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 кишвари пешоҳанг дониста шуда, дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом дод. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки дар Ню-Йорк баргузор гардид, баён намуданд.

Пешвои миллат зикр карданд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милал 21 декабри соли гузашта қатъномаи худро вобаста ба Даҳсолаи нав бо иттифоқи оро қабул намуд. “Ҳадафи асосии Даҳсолаи мазкур боз ҳам баланд бардоштани дарки масъалаҳои об дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об буда, барои муттаҳид сохтани талошҳои мо дар ин самт кумак хоҳад кард. Вобаста ба ҳадаф ва вазифаҳои Даҳсола мо Консепсияи татбиқи онро бо маҷмӯи чорабиниҳо дар доираи фаъолияти Панел пешниҳод карда, барои  амалӣ намудани  он ҷаҳд намуда истодаем”,-изҳор доштанд Пешвои миллат.

Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон,  дар сатҳи миллӣ Ҷумҳурии  Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи Даҳсола қабул карда, барои амалӣ намудан  Маркази махсус ва ҷиҳати назорати иҷрои он Кумитаи тадорукотро дар назди Ҳукумати кишвар таъсис медиҳад. Дар ин робита дирӯз чунин як чорабинӣ бо иштироки ҳайатҳои кишварҳо, Созмони Милал ва дигар ташкилотҳои байналмиллалӣ барпо гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо итминон зикр карданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз имкониятҳои Даҳсола васеъ истифода хоҳад кард ва дар ин давра шиддати мушкилоти марбут ба об ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт.

“Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор тасмим гирифтааст, ки дар ҳамдастӣ бо СММ ва дигар шарикон ҳар ду сол чорабиниҳои сатҳи баландро оид ба раванди татбиқи Даҳсола баргузор намояд. Аз нигоҳи мо ин як платформаи хубест барои баррасии масъалаҳои умдаи вобаста ба об. Аз ҷумла, ташкил намудани чунин конфронс моҳи июни соли 2018 дар назар аст, ки он метавонад дар баррасии Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об саҳми муносиб гузорад”,- зикр карданд дар анҷом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сентябрь 22, 2017 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд