Раёсати Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония дар солҳои 2017-2018 ба зиммаи Тоҷикистон гузошта шудааст
ДУШАНБЕ, 16.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Душанбе мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар доираи Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония, ки солҳои 2017-2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати онро ба зимма дорад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин доир ба масъалаҳои тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ суҳбат карданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






