«Сифат фарма» дар Душанбе нуқтаҳои фурӯши доруворӣ боз намуд

Сентябрь 30, 2017 08:10

ДУШАНБЕ, 30.09.2017./АМИТ «Ховар»/. Дар  Душанбе  маросими расмии оғози фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сифат фарма” баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд.

Дар расми ифтитоҳи фаъолияти расмии ҶДММ “Сифат фарма”  муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида  Умарзода, муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Белоруссия Валерий Шепчук,  намояндагони соҳаҳои тандурустиву дорусозии Тоҷикистон, Белоруссия, Ҳиндустон ва  Эрон иштирок намуданд.

Дар расми ифтитоҳи  ҶДММ “Сифат фарма”  хабар дода шуд, ки ширкати мазкур бо мақсади таъмини аҳолӣ бо дорувории хушсифат ва ба стандартҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ, инчунин аз ҷиҳати иқтисодӣ дастрас   таъсис ёфтааст.

Саида Умарзода зимни суханронии хеш  зикр намуд: “Туфайли сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи сиҳатии аҳолии мамлакат  ҳамасола дар кишвар даҳҳо марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ ва иншооти дигари соҳаи тандурустӣ бунёд ёфта,  мавриди истифода қарор мегиранд. Чунин иқдом ва ғамхории Ҳукумати мамлакат боис гардидааст, ки   соҳаи тандурустии кишвар ба дастовардҳои назарраси илмиву амалӣ комёб гардад”.

Ҳамзамон Саида  Умарзода иброз дошт, ки чун солҳои қаблӣ соли 2017 низ дар ҷумҳурӣ иншооти зиёди марбут ба соҳаи тандурустӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки   ҶДММ “Сифат фарма” аз ҷумлаи онҳо буда, дар самти таъмини аҳолӣ бо дорувории хушсифат,    дар пешрафти соҳаи дорусозиву дорифурӯшии   кишвар нақши назаррас хоҳад дошт.

Хотиррасон менамоем,  ки ҶДММ “Сифат фарма” бо мақсади дастраси аҳолии Тоҷикистон намудани дорувории ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқаткунанда бо вазоратҳои тандурустиву соҳаҳои дорусозии кишварҳои Белоруссия, Ҳиндустон ва Эрон шартномаи ҳамкорӣ баста, нақша дорад дар оянда сафи  шариконро бештар намояд.

Сифат-фарма-4

Сифат-фарма Сифат-фарма-3

Сентябрь 30, 2017 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад