«Сомон Эйр» ба самти Кӯлоб-Москва хатсайри нав ифтитоҳ мекунад

Сентябрь 25, 2017 14:44

ДУШАНБЕ, 25.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба иҷрои хатсайри нави  Кӯлоб-Москва оғоз менамояд.

Тавре аз маркази матбуоти  Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар  доданд, парвози аввалин аз рўйи самти нав 30 октябр иҷро хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои «Сомон-Эйр» аз Кӯлоб ба фурудгоҳи «Внуково»-и Москва ҳафтае 3 маротиба- рўзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе парвоз хоҳад кард.   Ҳамаи хатсайрҳо тавассути ҳавопаймоҳои «Боинг 737» амалӣ мегарданд.

Инчунин зикр гардид, ки аз 30 октябр парвозҳо аз шаҳри Хуҷанд ба Москва ба фурудгоҳи «Внуково» амалӣ мегарданд.

Бояд зикр намуд, ки  ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самтҳои Германия, АМА, Туркия, Чин, Россия ва Қазоқистон муваффақона иҷро мекунад.

Сентябрь 25, 2017 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад