ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 12 сентябр, сешанбе, 255-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 110 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Сентябрь 12, 2017 09:20

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

12 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон созишномаи байниҳукуматӣ доир ба кашидани лӯлаи интиқоли гази табиӣ аз Туркманистон ба Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба имзо расида буд.

***

3 сол пеш, 12 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай яқ зумра санадҳои нав ба имзо расиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар маркази шаҳраки Зафаробод Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки ҳазорон нафар сокинону меҳмонони ноҳия дар вазъияти тантанавӣ аз болои муҷассамаи нахустин бунёдгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардошта, Парчами миллиро боло бардоштанд.

12 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Эфиопия – Рӯзи миллии инқилоб.

 

РӮЙДОДҲО:

12 сентябри соли 2014 дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои нозир, тартиби қабули аъзои нав ба созмон ва дигар масоили муҳим баррасӣ шуда буд.

***

Дар ин рӯзи соли 1959 аз космодроми Байконур дастгоҳи  байнисайёравии худкори «Луна-2» ба осмон сар дода шуд.

***

49 сол муқаддам, 12 сентябри соли 1968 Албания расман аз Созмони аҳдномаи Варшава баромад.

***

12 сентябри соли 2014 Ҳиндустон ва Покистон барои аъзои комилҳуқуқи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай шудан аризаи расмӣ пешниҳод карда буданд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1910 дар Лос-Анҷелес Алиса Уэлс дар ҷаҳон аввалин зан-афсари политсия интихоб гардид.

Сентябрь 12, 2017 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш